Мусодираи 10 килограмм героин
Душанбе, 22 декабр. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аъзои як гурӯҳи муташаккили байналмилалии ҷиноиеро, ки маводи нашъадорро аз Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва сипас ба Федератсияи Русия интиқол медоданд, дастгир намуданд. Дар ҷараёни баргузории амали фаврию ҷустуҷӯӣ автомашинаи тамғаи “Хундай-Галупер”, ки аз ҷониби шаҳрванди 37-солаи ноҳияи Шуғнони ВМКБ идора мешуд, бо гумони асосноки интиқоли маводи мухаддир манъ карда шуд. Дар дохили автомашинаи мазкур ҳамчунин ҳаммаслаки ӯ, шаҳрванди 27-солаи Афғонистон менишаст.Тавре ки аз АНМН ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар вақти санҷиши автомашина аз дохили он сумкаи варзишӣ бо 10 бастаи маводи мухаддир ёфт ва мусодира карда шуд. Кормандони шӯъбаи ташхиси судии Агентӣ муайян карданд, ки маводи нашъадори мусодирашуда навъи героин буда, вазни он қариб 10 килограммро ташкил намуд.Ҳодисаи дуюми қочоқи маводи нашъадор аз Афғонистон ба Тоҷикистон дар ҷараёни баргузории амалиёти махсус дар шаҳри Хоруғ пешгирӣ карда шуд. Кормандони Раёсати Агентӣ дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳамкорӣ бо кормандони қушӯнҳои сарҳадӣ ҳангоми гузаштан аз минтақаи гумрукӣ шаҳрванди 22-солаи Афғонистон, корманди Комиссариати хадамоти сарҳадии ноҳияи Шуғнони ҶИА-ро бо гумони интиқоли ғайриқонунии мухаддирот дастгир намуданд. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ маводи сахттаъсири навъи героин ёфта мусодира намуданд.Перомуни ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз карда шуд. Дар 11 моҳи соли ҷорӣ кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар аз муомилоти ғайриқонунӣ 4 тоннаву 83 килову 280 грамм маводи нашъаовар мусодира карданд, ки 496 килову 898 грамми онро героин ташкил медиҳад.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Оид ба таъсири омилҳои антропогенӣ ба ҳавзаи дарёи Сурхоб дар шароити тағйирёбии иқлим машварат баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо соҳибкорони «Бозори Корвон» вохӯрӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Айнӣ кишти помидор бо усули обёрии қатрагӣ ба роҳ монда мешавад
Дар ноҳияи Шуғнон дар масоҳати 10 гектар боғи нави дарахтони себу зардолу бунёд гардид
«МегаФон Life»: сармоягузориро мустақиман тариқи смартфон анҷом диҳед
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ масъалаи баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ-тадқиқотӣ баррасӣ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Донишҷӯи тоҷик дар чорабинии байналмилалии UNESCO × Nestlé Global Youth Grant Scheme иштирок менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Фестивали байналмилалии «Дарҳои кушод-2026» дар Ҷопон гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид






