Мусодираи 35 кило бангдона
Душанбе, 14 декабр. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- Чанде қабл кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Қурғонтеппа ҳангоми гузаронидани амалиёти фаврӣ- ҷустуҷӯӣ дар хиёбони Айнӣ автомашинаи тамғаи «Опел Астра», рақами давлатиаш 76-93 АЕ РТ 01-ро, ки ба сокини деҳаи Дараи Оби ноҳияи Шӯрообод Муҳаммад Гулмадов (соли таваллудаш 1985) тааллуқ дошта, аз ноҳияи Шӯрообод ба самти шаҳри Қурғонтеппа ҳаракат мекард, боздошт намуданд.Тавре ки аз маркази матбуоти ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Муҳаммад Гулмадов ки ҳангоми боздошт ба кормандони дастаи таъиноти махсуси милитсияи РКД-и вилояти Хатлон итоат накарда, суръати автомобилро баланд намуда, дар гардиши кӯчаи Айнӣ-Ғафуров аз ӯҳдаи идораи нақлиёт набаромада, автомобилро чаппа кард ва аз ҷойи ҳодиса ғайб зад. Ҳангоми тафтиши автомашина аз бағоҷи он мувофиқи маълумотномаи шӯъбаи ташхиси ҷиноии РКД 35 килограмму 10 грамм маводи нашъадори бангдона, дарёфт ва мусодира карда шуд. Барои дастгир кардани ронанда М. Гулмадов корҳои ҷустуҷӯӣ идома доранд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






