Мусодираи маҳсулоти оташбозӣ
Душанбе, 22 декабр. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов). – Кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар арафаи Соли нави мелодӣ зиёда аз 2,5 ҳазар адад василаи оташбозиро, ки қонунгузории ҷумҳурӣ вурудашро манъ кардааст, ёфт ва мусодира намуданд.Тавре ки аз Хадамоти мазкур ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ин моддаҳо аз дохили автомашинаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Маҳкамҷон Аҳмадҷонов дарёфт гардид. Номбурда мехост ба таври ғайриқонунӣ ин молро аз Ҷумҳурии Қирғизистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намояд ва онро ба фурӯш барорад. Доир ба ин қазия тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд.Хотиррасон менамоем, ки мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1997 воридот, фурӯш ва истифодаи моддаҳои оташбозӣ дар ҷумҳурӣ манъ карда шудааст. Дар давоми 20 рӯзи охири соли ҷорӣ кормандони сохторҳои қудратии кишвар зиёда аз 42 номгӯй василаи оташбозиро мусодира намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






