Нақшаи пахтаи соли 2012 муайян шуд

Декабрь 1, 2011 14:55

Душанбе, 1 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловаров).- Бино ба иттилои сардори Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ Аббосхӯҷа Яҳёев, нақшаи кишту ҷамъоварии ҳосили пахтаи соли 2012 ба андозаи 420 ҳазор тонна муайян карда шуд. Ба гуфти А. Яҳёев, зиёд шудани нақшаи кишти пахта на аз ҳисоби васеъ кардани масоҳати кишт, балки аз ҳисоби афзоиши ҳосилнокӣ пешбинӣ шудаст.Ба иттилои манбаъ, масоҳати кишти пахта дар соли 2012 ҳамон 210 ҳазор гектари пештара боқӣ мемонад.Дар соли 2012 ҳосилнокии ҳар гектар на камтар аз 20 сентнерӣ пешбинӣ шуда, ҳаҷми умумии пахтаи нақшавӣ бояд ба 420 ҳазор тонна расонида шавад,- афзуд манбаъ. Ин дар ҳолест, ки дар соли 2011 бо гирифтани 21 сентнерӣ аз ҳар гектар, ҳамагӣ 412,1 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст. Пас, дар сурати аз ҳар гектар 20 сентнерӣ бардоштани ҳосил, 420 ҳазор тонна пахтаро чӣ тавр мерӯёнанд ?

Декабрь 1, 2011 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд