Нахустин сертификати менеҷменти сифат насиби кадом корхона шуд?
Душанбе, 12 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 9 декабри соли ҷорӣ дар Агентии «Тоҷикстандарт» бо ҷалби як қатор корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ оид ба амнияти маҳсулоти хўрокворӣ семинар баргузор гардид ва дар он масъулини зиёда аз 25 корхонаи истеҳсолӣ иштирок намуданд.Дар семинар асосан масъалаи таъмини амнияти озуқаворӣ ва роҳҳои баланд бардоштани сифати маҳсулоти хўрокворӣ мавриди баррасии мутахассисони соҳа қарор гирифта, ҳамзамон масоили талаботи бехатарӣ ҳангоми истеҳсол, нигоҳдорӣ ва фурўши маҳсулоти гўштию ширӣ; дар доираи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи стандартонӣ» ва қабул намудани стандартҳои муҳим барои пешбурди саноат ва соҳибкорӣ, ташкили Кумитаи техникӣ оид ба таҳияи стандарти давлатӣ дар соҳаи «Сифати маҳсулоти хўрокворӣ»; тибқи талаботи стандартҳои байналмилалӣ(ИСО) ҷорӣ намудани системаи менеҷменти сифат дар корхонаҳои истеҳсолӣ муҳокима ва баррасӣ гардид.Дар охир ҷоизаи байналмилалии «Хўшаи шараф», ки аз тарафи ташкилоти ҷамъиятии байналхалқии «Анҷумани соҳибкорон»-и Ҷумҳурии Украина ба корхонаи истеҳсолии ҶДММ «Интермаркет» дода шуда буд, ба ҳозирин муаррифӣ гардид. Ҷоизаи мазкур ба корхонаҳое, ки маҳсулоту хизматрасонияшон ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгўянд дода мешавад. Боиси хурсандист, ки дар байни корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти ғизоии ИДМ чунин ҷоизаи байналмилалӣ насиби яке аз корхонаҳои истеҳсолии Тоҷикистон гардид. «Тоҷикстандарт» бо назардошти ҷорӣ намудани системаи менеҷменти сифат дар корхонаҳои истеҳсолӣ ба корхонаи истеҳсоли хишти шаҳри Турсунзода аввалин сертификати ҷорӣ намудани системаи менеҷменти сифатро супорид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






