Намоишгоҳ бахшида ба 20 – солагии ИДМ
Душанбе, 8 декабр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Имрӯз, 8 декабр, дар Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар шаҳри Минск бахшида ба 20 – солагии ИДМ намоишгоҳ доир мегардад.Тавре ба АМИТ «Ховар» дар дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар доданд, 8 декабр санаи расмии таъсиси ИДМ маҳсуб мешавад. Соли 1991 маҳз дар ҳамин рӯз дар Вискули – қароргоҳи Ҳукумати Беларус воқеъ дар Бешаи Беловеж, роҳбарони Беларус, Русия ва Украина созишномаи ташкили Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро имзо намуда буданд. Баъдтар – 21 декабри соли 1991 — дар шаҳри Алмаато Протоколи созишномаи мазкур имзо гардида буд. Дар он гуфта мешавад, ки Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Украина дар асоси баробарҳуқуқӣ Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро таъсис медиҳанд. Моҳи декабри 1993 Гурҷистон ба ИДМ ворид шуд. Дар намоишгоҳе, ки дар Кумитаи иҷроияи ИДМ ташкил ёфтааст, санадҳои асосии Иттиҳод, маҳсулоти нашрияҳо, китобҳо, намунаҳои аломатҳои фахрии ИДМ, армуғон ва тӯҳфаҳо ба маърази намоиш гузошта мешаванд.Намоишгоҳро муовини аввали раиси Кумитаи иҷроия — Муншии иҷроияи ИДМ Владимир Гаркун ифтитоҳ менамояд.Ба ин маросим сафирон ва намояндагони доимии давлатҳои аъзои ИДМ, кормандони намояндагиҳои дипломатии муқими Беларус, роҳбарон ва коркунони Кумитаи иҷроияи ИДМ даъват шудаанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






