Натиҷаи фаъолияти яксола
Хоруғ, 26 декабр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). – Дар ҷаласаи ҳайати мушовараи шӯъбаи фарҳанги вилоят бо иштироки муовини раиси вилоят Қиматгул Алибердиева натиҷаи фаъолияти кормандони соҳа дар соли 2011 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Мудири шӯъбаи фарҳанги вилоят Муҳиддин Пайшанбеев аз хусуси корҳое, ки шӯъба ва сохторҳои он дар ин давра анҷом додаанд, ҳисобот дод. Мавсуф, аз ҷумла, зикр намуд, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва Вазорати фарҳанг соли равон заминаи моддию техникии муассисаҳои фарҳангӣ хеле мустаҳкам гардид. Дар муассисаҳои фарҳангӣ ба хотири ҷашнҳои миллию таърихӣ чорабиниҳои зиёде рӯи кор оварда шудаанд. Рӯзҳои фарҳанги вилоят дар шаҳри Душанбе ба ифтихори 20 – солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар сатҳи баланд доир гардида, ҳунармандони вилоят дар озмуни ҷумҳуриявии «Чакомаи гесӯ» муваффақона баромад карданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






