Нигаронӣ аз нарасидани маводи ғизоӣ
Душанбе, 13 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз дафтари «Барномаи ҷаҳонии ғизо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки 23 адад қатора бо маводи ғизоӣ, ки барои аҳолии камбизоат ва хонандагони мактабҳои вилояти Хатлон пешбинӣ шудааст, дар сарҳади Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар банд мондааст. Ба иттилои манбаъ, тавассути ин созмони ҷаҳонӣ ҳанӯз аввалҳои моҳи октябри соли ҷорӣ аз Федератсияи Русия барои аҳолии камбизоати вилояти Хатлон беш аз ҳазор тонна орд, 60 тонна нахуд, 240 тонна равғани растанӣ бо арзиши умумии тақрибан 1 млн. доллари амрикоӣ харид ва интиқол дода шуда буд, аммо то имрӯз бор ба ҷойи таъиншуда нарасидааст. Директори барномаи ҷаҳонии ғизо дар Тоҷикистон Алзира Ферейра аз он, ки Федератсияи Русия натавонистааст борро то имрӯз ба ҷойи таъиншуда интиқол диҳад, изҳори нигаронӣ кардааст. Тибқи қонунҳои мавҷуда ҷавобгарии бор то макони таъиншуда бар дӯши фиристанда мебошад. Ёдовар мешавем, ки 16 – уми ноябри соли ҷорӣ дар мавзеи Ғалаба – Амузанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо сабаби тахриб шудани такягоҳи пули роҳи оҳан ҳаракати қатораҳо ба қисмати ҷанубии Тоҷикистон – минтақаи Хатлон қатъ гардид ва наздик ба 350 қатораи Тоҷикистон, ки аз маводи сӯзишворӣ, орд, гандум ва дигар маҳсулоти ниёзи аввалия иборат мебошад, дар банд мондааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






