Ноболиғон даст ба ғорат мезананд

Декабрь 6, 2011 09:44

Душанбе, 6 декабр.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Бино ба маълумоти шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ, 26 –уми ноябри соли ҷорӣ истиқоматкунандаи кӯчаи Фирдавсии шаҳри Душанбе Холмо Шарифова дар бораи бо роҳи зӯрӣ ба ғорат бурдани гарданбанди тиллоӣ, ангуштарӣ ва 1 адад телефони тамғаи «Самсунг» бо ариза ба шӯъбаи корҳои дохилии мазкур муроҷиат кардаст. Дар натиҷаи ташкили гурӯҳи фаврии зудамали бахши кофтукови ҷиноӣ ноболиғон- Одинаев Меҳроб Тошмуродович, истиқоматкунандаи кӯчаи Кирови ноҳияи Данғара, соли таваллудаш 1997, ки дар ҳеҷ куҷо намехонад ва Сафаров Хисрав Зарифович, истиқоматкунандаи ноҳияи Восеъ, ки айни замон дар кӯчаи Жилмассив, хонаи 8, шаҳри Душанбе зиндагӣ намуда, дар синфи 8 – уми мактаби таҳсилоти умумии рақами 10 таҳсил мекунад, дастгир шуданд. Дар натиҷаи тафтиш муайян карда шуд, ки ноболиғон бо роҳи ғоратгарӣ аз борхалтаи Х. Шарифова ба маблағи 5280 сомонӣ ҷавоҳироти тиллоӣ ва як адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг» -ро ба ғорат бурдаанд. Аз рӯи ин ҳодиса шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ тафтишот мебарад.

Декабрь 6, 2011 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд