Нобудсозии беш аз 10 тонна маҳсулоти ғайристандартӣ
Душанбе, 6 декабр. (АМИТ “Ховар”, Бекназари Абӯбакр). — Аз ҷониби мутахассисони нозироти савдои Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати ҶТ дар нуқтаҳои савдо ва бозорҳои шаҳри Душанбе маҳсулоти хӯрокворӣ ва ғайрихӯроквории мўҳлати истеъмолашон гузашта ва пастсифату ғайристандартӣ дарёфт ва мусодира гардид. Аз маркази матбуоти Агентии “Тоҷикстандарт” ба мухбири АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд, ки ин гуна маҳсулот асосан аз чой (65 кг), маҳсулоти қаннодӣ (886 кг), ҳасиб (480 кг), шир (3000 кг), хуришҳо(4876 дона), ҳар гуна витаминҳои истеҳсоли Ҷумҳурии Мардумии Чин (3000 дона), ки барои кўдакон пешбинӣ шудаанд, нӯшобаҳо(1860 литр) ва баъзе анвои молҳои ниёзи мардум иборатанд ва дар маҷмўъ қариб 10 тоннаро ташкил медиҳад. Маҳсулоти боздоштшуда бар асоси ташхиси озмоишгоҳи Агентии “Тоҷикстандарт” ғайристандартӣ дониста шуда, 6 декабр бо дастури комиссияи салоҳиятдор нобуд карда шуд. Як қисми маҳсулоти ғайристандартӣ, тибқи муқаррарот ва хулосаи комиссия ба сифати хўроки чорво ба “Боғи ҳайвонот”-и шаҳри Душанбе интиқол гардид.Камбудиҳои содиршуда аз надоштани дониши ҳуқуқӣ ва маданияти пасти соҳибкорону фурўшандагон дарак медиҳанд Дар баробари ин соҳибкороне ҳастанд, ки бо дарки масъулиятшиносӣ ва ташаббуси худ ба Агентӣ перомуни нобудсозии маҳсулоти мўҳлати истеъмолашон гузашта муроҷиат менамоянд. Масалан, ҶДММ “Мастер-Трейдинг М” доир ба нобудсозии 2500 кг шир ва аз тарафи мудири Маркази савдои “Арбат” оид ба нобудсозии консерваҳои сабзавотӣ, нўшоба ва шарбатҳои гуногун (ҷамъ 4000 кг), ки мўҳлати истеъмолиашон гузаштааст, ба агентӣ муроҷиат намуданд ва бо иштироки комиссияи салоҳиятдор ин мавод нобуд карда шуд. Зикр кардан ба маврид аст, ки Агентии “Тоҷикстандарт” якҷоя бо мақомоти дахлдор вуруди маҳсулоти ниёзи мардумро ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти назорати қатъӣ қарор дода, бозори истеъмолии мамлакатро аз маҳсулоти пастсифату ба талабот ҷавобгўй набуда ва мўҳлати истифодаашон гузашта ҳимоя менамояд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






