Оғози татбиқи лоиҳаи оид ба бемории сил
Душанбе, 13 декабр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Дар вилояти Хатлон татбиқи барномаи солона дар ҳошияи лоиҳаи ХОУП (УМЕД) таҳти унвони «Якҷоя бемории силро мағлуб месозем» оғоз ёфт. Ин барнома ба манзури сари вақт расонидани ёрии тиббӣ ба шахсони мубталои бемории сил ва ҷилавгирии он дар амал татбиқ карда мешавад.Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар намояндагии лоиҳаи ХОУП дар Тоҷикистон хабар доданд. Мувофиқи суханони манбаъ, барнома ноҳияҳои Ховалинг, Шӯрообод, Мӯъминобод ва Темурмалики вилояти Хатлонро, ки соли гузашта дар онҳо теъдоди зиёдтарини беморони сил ошкор гардид, фаро мегирад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






