Оқибати хисорот бартараф мешавад
Душанбе, 13 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои сардори раёсати хоҷагии оби ноҳияи Мӯъминобод Сайфиддин Бозоров, оқибатҳои харобиовари боришоти рӯзҳои 17 – 18 –уми ноябри соли ҷорӣ, ки 16 манзили истиқоматӣ ва беш аз 500 метр роҳи автомобилгардро дар деҳаи Чашмаи ҷӯшони ноҳияи мазкур тахриб сохта буд, аз тарафи аҳолӣ бо дастгирии Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби ҷумҳурӣ, ҳукумати ноҳия ва корхонаи воҳиди давлатии «Муҳофизат аз сели Тоҷикистон» барқарор карда мешавад.Ба иттилои манбаъ, ҳашарчиён дар навбати аввал барои барқарор кардани 80 метр сарбанди дарёчаи Лангар ба кор оғоз намуда, сипас ба таҳкими ду тарафи соҳили он мепардозанд.Дар айни замон ба ҷойи тахрибшуда техника ва масолеҳи сохтмонӣ интиқол ёфтааст ва кор аз субҳ то шом дар ду баст давом дорад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






