«Оби зулол» аз ААИ озод шуд
Душанбе, 28 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ҷамъияти саҳҳомии шакли пӯшидаи «Оби зулол» ҷиҳати ворид сохтани таҷҳизот барои ба кор андохтани хатти нави технологӣ аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешавад. Дар ин хусус 29 декабр вакилони палатаи поёнии парлумони мамлакат ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳури Тоҷикистон барои соли 2011» илова ворид намуданд. Ҷамшед Норинов, муовини вазири молияи кишвар зимни ташреҳи масъалаи мазкур афзуд, ки корхонаи «Оби зулол» таҷҳизотеро ба ҷумҳурӣ барои коркарди меваҷоту сабзавот ворид намудааст, ки маблағи умумияш 2 миллион евро буда, маблағи пардохти андоз аз арзиши иловашуда 378 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Дар мавриди ба кор андохтани хатти нави технологӣ дар корхонаи «Оби Зулол» иқтидори истеҳсолии корхона афзуда, дар як сол беш аз 25 ҳазор тонна меваю сабзавот коркард гардида, афшурдаҳои гуногун истеҳсол мешаванд. Ҳамзамон, Нуриддин Обидҷонов, роҳбари корхонаи «Оби Зулол» гуфт, ки алҳол дар корхона беш аз 60 нафар мутахассисон кор намуда, бо роҳандозӣ гардидани хатти нави технологӣ теъдоди онҳо меафзояд. Мавсуф афзуд, ки корхонаи «Оби зулол» ҳар сол ба буҷаи кишвар ба маблағи 12 миллион сомонӣ андоз месупорад.








Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад






