Олимтой Баҳористон шуд

Декабрь 15, 2011 17:16

Душанбе, 15 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Як қатор деҳот ва ёздаҳ деҳаи ноҳияи Восеи вилояти Хатлон табдили ном карданд. Дар ин хусус 15 декабр дар иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ қарор қабул гардид. Зимни тавзеҳи масъалаи мазкур Муним Холиқов, раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ гуфт, ки табдили номи деҳот ва деҳаҳои ноҳияи Восеъ дар асоси пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва илтимосномаи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон сурат гирифтаааст. Минбаъд номи деҳоти Пахтаобод ба номи Мирзоалӣ Вайсов, Меҳнатобод ба номи Абдӣ Авазов, деҳоти Арал ба номи Миралӣ Маҳмадалиев ва деҳоти Пахтакор ба номи Худоёр Раҷабов зикр мешаванд. Инчунин номи деҳаҳои Учқун ба деҳаи Эмом Таърифӣ, Комсомолобод ба Ҷавонӣ, Арпатугулдӣ ба деҳаи Ҷаврез, Қайқидашт ба Истиқлол, Гулисой ба Гулрӯд, Авғондилӣ ба Хоҷа Ғалтон, Бешариқ ба Заркорон, Қайрағоч Хоҷа Мӯъмин, Лархобӣ ба деҳаи Ҳасан Қурбонов, Қӯшқорбулоқ ба Гулафшон ва Олимтой ба Баҳористон табдил шуданд. Муним Холиқов афзуд, ки зарурати тағйир додани номи деҳот ва деҳаҳо бевосита ба истиқлолияти давлатӣ, гиромидошти таърихи кишвар, арҷгузорӣ ва пос доштани хотираи неки шахсиятҳои барҷаста ва мӯътабари диёр ва тоза нигоҳ доштани забони давлатӣ вобаста мебошад.

Декабрь 15, 2011 17:16

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд