Омӯзгорони ҷавон ба ноҳияҳо сафарбар мешаванд

Декабрь 5, 2011 16:40

Душанбе, 5 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Таъмин намудани мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ бо кадрҳои омўзгорӣ агар аз як тараф сатҳу сифати таълиму тарбияро ба маҷрои лозимӣ равона созад, аз ҷониби дигар он вазифаи асосии Вазорати маорифи кишвар маҳсуб мешавад. Вазорати мазкур кўшиш ба он дорад, ки пеш аз ҳама ба он ноҳияҳое, ки мушкилоти кадриро дар мактабҳо эҳсос мекунанд, таваҷҷўҳи ҷиддӣ диҳад. Балҷувон аз ҷумлаи он ноҳияҳои дурдасти кишвар аст, ки нарасидани омўзгорони забонҳои хориҷӣ ва математикаву информатика дар он ҷой дорад. Котиби матбуотии Вазорати маориф Сиддиқ Муборак иттилоъ дод, ки бо назардошти ин Вазорати маориф як гурўҳ мутахассисони ҷавони фанҳои забони хориҷиро аз ҳисоби Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, Донишкадаи давлатии забонҳо ба номи С.Улуғзода ва Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба мактабҳои ноҳияи Балҷувон барои кор сафарбар намуд. Роҳбарияти ноҳия зимни мулоқот бо мутахассисони ҷавон аз таваҷҷўҳи пайвастаи роҳбарияти давлату ҳукумат бобати рушди ин минтақа изҳори хушнудӣ карданд ва ҷиҳати пешбурди бонизоми машғулиятҳо дар таълимгоҳҳо аз лаёқати мутахассисони ҷавон изҳори боварӣ намуда, афзуданд, ки барояшон беҳтарин шароити фаъолияту зистро фароҳам меоваранд. Масъулини Вазорати маориф аз дигар мушкилоти мавҷуда ёдрас намуда, иброз доштанд, ки дар ояндаи наздик норасоии китобҳои дарсиро низ рафъ хоҳанд намуд. Омўзгорони ҷавоне, ки ба ин ноҳия фиристода шудаанд, муваззаф гардиданд, ки дар давоми фаъолият худро мутахассиси воқеӣ нишон дода, баҳри ба камол расонидани ҷавонони соҳибистеъдод нерӯи хешро дареғ надоранд.

Декабрь 5, 2011 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд