Ошкор ва мусодираи маводи оташбозӣ

Декабрь 12, 2011 16:03

Душанбе, 12 декабр. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов ).- Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Ҳисор амали ғайриқонунии нигоҳ доштани маводи оташбозиро ошкор намуданд. Тавре ки аз маркази матбуоти ВКД-и ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, кормандони ШКД-и ноҳия 9 декабри соли ҷорӣ ҳангоми гузаронидани амалиёт истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти «Ҳаёти нав» Эйсанам Тошматоваро дастгир намуданд. Ҳангоми азназаргузаронии манзили истиқоматии ӯ 30600 дона маводи гуногуни оташбозӣ дарёфт ва мусодира карда шуд. Ғайр аз ин кормандони ШКД-и шаҳри Кӯлоб дар натиҷаи гузаронидани амалиёти дигар дар дохили бозори «Саховат»-и шаҳр шаҳрванд Шералӣ Зокировро дастгир намуданд ва аз ӯ 600 дона маводи гуногуни оташбозӣ дарёфт ва мусодира карданд.

Декабрь 12, 2011 16:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард