Парлумон Созишномаи АвруОсиёро баррасӣ намуд
Душанбе, 26 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Созишномаи гурӯҳи АвруОсиё оид ба муқовимат ба қонунӣ гардонидани даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм 26 декабр дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии парлумони мамлакат, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон доир гардид, баррасӣ шуд. Аъзои Шӯро, ҳамзамон лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи муҳофизати растанӣ», «Дар бораи истифодабарии дастгоҳҳои назоратию хазинавии дорои хотираи фискалӣ», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2011», «Дар бораи милитсия», «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи стандартонӣ», «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» муҳокима намуданд. Тибқи иттилои Муҳаммадато Султонов, котиби матбуоти палатаи поёнии парлумони мамлакат доир ба масъалаҳои зикршуда раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Саиди Ёқубзод, Сафаралӣ Раҷабов, Амирқул Азимов, Амир Каттаев ва Маҳмадалӣ Ватанов сухан карда, дар мавриди моҳияти ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба қонунҳои зикршуда андешаҳои худро иброз доштанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






