Пирӯзиҳои гӯшношуниди «Истиқлол»
Душанбе, 12 декабр. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Чемпиони соли гузаштаи мамлакат-дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар бозиҳои мавқуфгузоштаи худ мухлисонашро шод гардонида, ғалабаҳои пайдарҳами худро бо натиҷаҳои чашмрас ҷамъбаст мекунад. Ин навбат футболбозони «Шодмон»-и Ҳисор чун дастаи «Гвардия» дар бозии пешина, ки бо натиҷаи 10 бар 0 шикаст хӯрда буд, бо ҳисоби 8 бар 0 саркӯб гардиданд. Дар ин вохӯрӣ Юсуф Рабиев ба дарвозаи меҳмонон се тӯб зада, хетт-трик кард ва шумораи голҳояшро дар чемпионат ба 29 адад расонид. Ҳамкасби ӯ Фарҳод Тоиров аз дастаи «Истиқлол» бо 26 тӯб Юсуфро дунбола мекунад. Ҳамин тавр, «Истиқлол» аз 35 вохӯрӣ соҳиби 93 имтиёз гардида, дар садри ҷадвали мусобиқа ҷойгир аст. Дастаи «Регар ТадАЗ» аз 38 вохӯрӣ бо 92 хол дар зинаи дуввум мақом гирифтааст. Бозии навбатии мавқуфгузоштаи «Истиқлол» аз даври 35 –ум рӯзи 15 декабр бо тими «Гвардия» баргузор мешавад. Ин дафъа натиҷа чанд мешуда бошад?








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






