Портали нав роҳандозӣ мегардад
Душанбе, 29 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар моҳҳои май-июни соли 2012 дар Тоҷикистон Портали омӯзишию иттилоотӣ бо номи «Олами дониш» фаъол мегардад. Он барои доираи васеи донишҷӯён сохта шуда, ниёзи онҳоро бо вусъати мавзӯъ ва маълумоти дақиқу зарурӣ таъмин менамояд. Масъалаи мазкур дар ҷаласаи Шӯрои технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсионии назди Вазорати маорифи ҷумҳурӣ баррасӣ шуд. Дар ҷаласа, ки дар он вазири маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов, ректорон ва намояндагони мактабҳои олӣ, ташкилоту фондҳои ҷамъиятӣ, ширкатҳои саҳҳомии «Индиго Тоҷикистон» ва «Вавилон-М» иштирок доштанд, лоиҳаи портал хуш пазируфта шуд. Ширкаткунандагони ҷаласа ҳамчунин оид ба технологияҳои инноватсионӣ, сохтани сомонаҳо ва таҳияи дискҳои гуногуни омӯзишӣ, ташкили шабакаи мутамаркази китобхонаҳои электронӣ ва якчанд лоиҳаи инноватсионӣ табодули назар намуданд. Ҳамзамон масъалаи гузаронидани чорабиниҳои барои ҳавасмандгардонии ҷавонон ба технологияи инноватсионӣ ба мисли «Сомонаи наврӯзӣ», маводи беҳтарини таълимии электронӣ, истифодаи он дар раванди таълим, таҳияи барномаи беҳтарини компютерӣ муҳокима гардиданд. Назар ба иттилои Сиддиқ Муборак, котиби матбуоти Вазорати маорифи ҷумҳурӣ ҷаласаи навбатии Шӯрои технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсионии назди Вазорати маорифи ҷумҳурӣ моҳи марти соли 2012 дар Донишгоҳи технологӣ гузаронида мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






