Протоколи ҳамкорӣ имзо шуд
Душанбе, 8 декабр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – 7 декабр дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи ҳамкорӣ ҷиҳати таҳлили масоили сохтан ва ба истифода додани корхонаи тавлиди таҷҳизоти гидроэнергетикӣ, механикӣ ва электромеханикӣ имзо гардид. Протоколро муовини вазири энергетика ва саноати ҶТ Хайрулло Маҳмадуллоев ва директори ширкати «ЕРА» и Туркия Олпой Унал имзо намуданд.
Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар дафтари матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҶТ хабар доданд.
Мувофиқи суханони манбаъ, ҷониби Туркия вақтҳои наздиктарин масъалаи бунёди корхонаи тавлиди таҷҳизоти гидроэнергетикӣ, механикӣ ва электромеханикӣ, ҳамчунин масъалаи таълими кадрҳои маҳаллӣ барои иҷрои кор дар корхонаи ояндаро таҳқиқ менамояд.
Гурӯҳи ширкати «ЕРА» — и Туркия омодагии худро барои эъмори корхонаҳои муштараки соҳаи саноати сабук ва мошинсозӣ низ иброз дошт.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






