«Рашки ашк»-и Симо
Душанбе, 23 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Рашки ашк» нахустин маҷмӯаи шеъру таронаҳои Шавкат Симо буда, онро нашриёти «ЭР-граф»-и Душанбе аз чоп баровард. Дар маҷмӯа шеъру ғазал, рубоиву фардиёт ва таронаҳои насрии муаллиф гирд оварда шудаанд. «Дар як қисмати шеърҳои маҷмӯа вазъи душвори ҳаёти ҷомеа бозтоб шудааст, ки ҳатто ашк аз таровишҳои хома рашк мебарад ва аз ин рӯ китоб «Рашки ашк» ном гирифтааст», мегӯяд Шавкати Симо, муаллифи маҷмӯа. Шоир Наср Бобои Сарфароз дар сарсухани маҷмӯа навиштааст, ки Шавкат Симо дар пайроҳаи пурпечутоби адабиёт чи дар шеъри суннатӣ ва чи дар шеъри сафед қувва месанҷад. Маҳсули эҷодиёти муаллифи маҷмӯа салису равон ва самимию нишонрас буда, мавзӯъҳои маъмулии адабиёт ба мисли меҳру муҳаббат ба ватану сарзамин, сидқу вафо, қадршиносии падару модар, некию накӯкорӣ ва дигар фазилатҳои накӯи инсониро таҷассум намудааст. Шавкат Симо (Саидов) зодаи Истаравшани бостонӣ буда, соли 1993 бахши журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Алҳол котиби матбуотии шаҳрдори Душанбе ва ёвари Раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон- Маҷлиси миллӣ мебошад. Умед аст, ки дӯстдорони каломи бадеъ маҳсули заҳмати муаллифро дар роҳи пурпечутоби шеъру шоирӣ хуш қабул мекунанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






