Раванди рушди сохтмону меъморӣ
Душанбе, 23 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Бо таҷлили сазовори 20-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар пойтахт 236 иншооти гуногунтаъйинот ба маблағи 2 миллиарду 607 миллиону 319 ҳазор сомонӣ ба истифода дода шуд, ки он аз раванди рушди бемайлони сохтмону меъморӣ дар пойтахт шаҳодат медиҳад». Ин нуктаро Маҳмадсад Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе дар ҷараёни баргузории иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе иброз дошт. Мавсуф дар ҳузури вакилони шаҳрӣ перомуни иҷрои барномаҳои иҷтимоию иқтисодии пойтахт дар соли 2011, нақшаҳои рушд, буҷаи шаҳри Душанбе ва вазифаҳои шаҳрдорӣ барои соли 2012 гузориш дод. Зикр шуд, ки соли 2012 соли истифодаи имконоти нав бобати ҳамкориҳои судманди иҷтимоии тамоми қишрҳои ҷомеа баҳри вусъати сафарбарсозии иқтидори аҳли ҷамоатчигии шаҳр доир ба татбиқи барномаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳрдорӣ аст. Шавкат Саидов, котиби матбуотии раиси шаҳр ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки дар иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе як қатор қарорҳои раиси шаҳри Душанбе тасдиқ гардиданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






