Раёсати СММ техникаи компютерӣ тақдим намуд
Душанбе, 6 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Раёсати Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон бо мақсади рушд ва таҳкими иқтидори минбаъда ба шӯъбаи иттилоотию таҳлилии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон техникаи компютерӣ ва таъиноти махсуси барномавӣ тақдим намуд.Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Агентии мазкур иттилоъ доданд, ки вазифаи асосии шӯъба ҷамъоварӣ, нигаҳдорӣ ва таҳлили ахборест, ки ба муомилоти воситаҳои нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо иртибот доранд. Маълумоти омодашуда барои истифода ба мақомоти давлатӣ, идораҳои дахлдор ва созмонҳои байналмилалӣ пешниҳод карда мешавад.Таҳлилгарони байналмилалӣ ба фаъолияти шӯъбаи иттилоотию таҳлилии Агентӣ баҳои баланд додаанд. Ба андешаи онҳо имкониятҳои шӯъба аз имкониятҳои марказҳои таҳлилии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои аврупоӣ камтар нестанд.Бояд гуфт, ки маблағгузорони лоиҳаи мазкур ИМА ва Канада мебошанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






