Роҳҳои қисмати ғарбии Душанбе азнавсозӣ мегарданд
Душанбе, 6 декабр.(АМИТ« Ховар», Марзия Саидова).-Шаҳрдории Душанбе ҷиҳати навсозии роҳҳои кӯчаи Алишер Навоӣ (аз бурриши кӯчаи Бобоҷон Ғафуров то дарвозаи ғарбӣ) ва таҷдиди роҳи кӯчаи Неъмат Қарабоев (қисмати шарқӣ ва ғарбӣ аз кӯчаи Ҷомӣ то кӯчаи Ҷанубӣ) тендер эълон менамояд. Тендери мазкур дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе ҷиҳати интихоби пудратчии таҷдиду навсозии роҳҳои кӯчаҳои мазкур гузаронида мешавад. Дар тендер шахсони ҳуқуқии ватанӣ ва хориҷӣ, ки тахассуси сохтмонӣ доранд, метавонанд ширкат намоянд. Довталабон бояд ҳуҷҷатҳои заруриро то 15 декабри соли равон ба Муассисаи давлатии «Сарраёсати ободонии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе», ки фармоишгар мебошад, пешниҳод созанд.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






