Рушди боғдорӣ дар Мӯъминобод

Декабрь 3, 2011 09:53

Мӯъминобод, 3 декабр. (АМИТ «Ховар», С.Холов ). – Дар доираи татбиқи барномаи давлатӣ оид ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар ноҳияи Мӯъминобод сол аз сол майдони боғоти нав васеъ мешавад. Танҳо дар давоми ду соли охир дар ноҳия 511 гектар боғу токзори нав бунёд карда шуд ва имсол аҳли заҳмат ният доранд, ки дар майдони 200 гектар боғи нав бунёд намуда, то соли 2014 майдони боғу токзори намунавиро ба 1000 гектар расонанд. Дар айни замон дар ноҳияи Мӯъминобод майдони умумии боғу токзор 1760 гектарро ташкил медиҳад ва имсол кишоварзони ноҳия аз майдони 1186 гектар боғи мевадиҳанда 4140 тонна мева ва аз майдони 647 гектар токзор 2075 тонна ангур истеҳсол намуданд. Мувофиқи маълумот имсол дар вилояти Хатлон дар майдони қариб 3930 гектар боғҳои нав бунёд мешавад. Бо мусоид омадани боду ҳаво дар тамоми хоҷагиҳои минтақаи Кӯлоб аҳли заҳмат санаи 2 – уми декабр ба бунёди боғу токзори нав оғоз намуданд.

Декабрь 3, 2011 09:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард