Рушди соҳаи қӯтоспарварӣ дар ноҳияи Ҷиргатол
Ҷиргатол, 23 декабр. (АМИТ «Ховар», Зебо Давлатова). – Дар ноҳияи Ҷиргатол соҳаи қӯтоспарварӣ рӯ ба тараққӣ овардааст. Тавре муовини аввали раиси ноҳияи Ҷиргатол Ато Ҷӯрабеков ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, имрӯзҳо дар ноҳия 553 сар қӯтос парвариш шуда, чорводорон азм доранд, ки саршумори онро афзун намоянд.Ато Ҷӯрабеков афзуд, ки бо ин мақсад аз ноҳияи Мурғоб боз 350 сар қӯтос харидорӣ шуд. Айни замон дар мавзеи Бешкамари хоҷагии деҳқонии Бӯстон, ки шароити иқлимиаш ба қӯтоспарварӣ мувофиқ аст, 201 сар қӯтос парвариш карда мешавад.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






