С. Шарифов ба узвияти Кумита пазируфта шуд
Душанбе, 28 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Сӯҳроб Шарифов, собиқ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҷумҳурӣ 28 декабр дар иҷлосияи палатаи поёнии парлумони мамлакат узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот интихоб гардид. Бояд зикр кард, ки Сӯҳроб Шарифов 18 декабри соли 2011 дар интихоботи миёнадаврӣ дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Шоҳмансур №3 вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шуда буд. Дар ҷаласа ҳамзамон бо пешниҳоди раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров вакил Убайдулло Давлатов раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ интихоб гардид. Мавсуф солиёни тӯлонӣ дар мақомоти гуногуни судии кишвар фаъолияти пурсамар намудааст. Дар давоми солҳои 1994-2000 вазифаи Раиси Суди Олии ҷумҳурӣ ва солҳои 2000 2005 мансаби Раиси Суди Олии иқтисодии ҷумҳуриро ба ӯҳда дошт.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






