Сабукиҳо дар Кодекси андоз
Душанбе, 29 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Тибқи тағйиру иловаҳои ба Кодекси андози ҷумҳурӣ воридшуда овардани таҷҳизот ва техникаи истеҳсолӣ тавассути лизинг ба кишвар аз супоридани андоз аз арзиши иловашуда ва пардохти боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд. Тадбири мазкур бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳибкорӣ, вуруди таҷҳизоти муосири истеҳсолӣ, дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар андешида шудааст. Ҷамшед Норинов, муовини вазири молияи ҷумҳурӣ зимни баромади худ дар палатаи поёнии парлумони мамлакат гуфт, ки алҳол дар Тоҷикистон як ширкати лизингӣ- «Тоҷикагролизинг» фаъолият менамояд, ки он ба ворид намудани техника ва таҷҳизоти бахши кишоварзӣ машғул аст. Мавсуф зикр намуд, ки ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози кишвар ба мукаммал гардидани қисми даромади буҷаи давлатӣ мусоидат менамояд. Ба андешаи Ҷамшед Норинов, дар давоми соли 2011 тавассути лизинг ба маблағи 3,9 миллион доллари амрикоӣ таҷҳизоту техника ба кишвар оварда шудааст, ки он ба рушди иқтисодиёти мамлакат нақши муассир мегузорад. Ҳамзамон ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози кишвар барои пфзоиши теъдоди ширкатҳои лизингӣ дар оянда дар ҷумҳурӣ ва рушди лизинг шаҳодат медиҳад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






