Сафари кормандони «Амонатбонк» ба Чин
Душанбе, 23 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Намояндагони Бонки Миллии Тоҷикистон, БДА «Амонатбонк» ва «Агроинвестбонк» дар семинари байналмилалии молиявӣ, ки чанде қабл дар шаҳрҳои Пекин ва Сямини Ҷумҳурии Мардумии Чин доир гардид, иштирок намуданд. Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти БДА «Амонатбонк» иттилоъ доданд, ки семинар дар мавзӯъҳои «Системаи молиявии Чин, назарияи рушди молиявӣ ва роҳҳои татбиқи он», «Сиёсат ва таҷрибаи пардохтҳои байналмилалӣ ва амалиёти хориҷӣ бо юани чинӣ» ва чанд мавзӯи дигар баргузор шуд.Ҷониби Тоҷикистонро муовини Раиси БМТ Малоҳат Холиқзода, муовини Раиси БДА ҶТ «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромов ва гурӯҳи калони мутахассисон ва кормандони бонкҳои номбурда намояндагӣ мекарданд. Мақсад аз баргузории ин чорабинӣ ин муаррифии бештари юан- пули миллии ҶМЧ, ки вақтҳои охир дар бозори ҷаҳонӣ мавқеи устуворро касб кардааст, мебошад. Тоҷикистон ҳамчун узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай бо кишвари Чин муносибатҳои васеи иқтисодию молиявӣ дорад. Боло рафтани мавқеи арзи чин аз тарафи дигар мамолики аъзои СҲШ ва берун аз он низ эътироф мегардад.Ба хусус иқдоми соли гузашта ба амал овардаи Бонки Миллии Россия дар мавриди қабули пасандозҳои аҳолӣ бо юани чинӣ нишони эҳтиром ва афзоиши қурби арзи номбурда мебошад.Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус БДА ҶТ «Амонатбонк» аз соли гузашта инҷониб пешниҳоди қарзҳоро ба соҳибкорон ва тоҷирон бо юани чинӣ ба роҳ мондааст, ки дар рушди муносибатҳои молиявӣ ва тиҷоратии ду кишвар нақши арзанда хоҳад бозид.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






