Сафири Тоҷикистон дар Куба эътимоднома супорид
Душанбе, 20 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Аз 10 то 15 декабри соли равон Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Миллали Муттаҳид Сироҷиддин Аслов, ки ҳамзамон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Куба мебошад, аз ин ҷумҳурӣ дидан кард. 14 декабр дар пойтахти Куба — шаҳри Гавана Сафири Тоҷикистон С.Аслов эътимодномаро ба ноиби раиси Шӯрои давлатӣ Гладис Бехерано супорид. Дар маросим Вазири корҳои хориҷии Куба Бруно Родритес ҳузур дошт. Пас аз супоридани эътимоднома ноиби раиси Шӯрои давлатии Куба сафирро хайрмақдам гуфта, аз номи Раиси Шӯрои давлатии Куба Раул Кастро Рус ба роҳбари давлат, ҳукумат ва халқи Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ кард. Хонум Гладис Бехерано нисбат ба масъалаҳои гуногуни ҳамкориҳои ояндаи иқтисодию фарҳангии байни ду кишвар ибрози андеша намуд. Ноиби раиси Шӯрои давлатии Куба ба Тоҷикистон дар бобати дар Маҷмаи Умумии СММ ҳамеша дастгирӣ кардани қатънома дар бораи зарурати аз байн бурдани эмбаргои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва молиявӣ, ки аз ҷониби ИМА зидди Куба ҷорӣ шудааст, изҳори сипос гуфт. Ӯ Тоҷикистонро яке аз шарикони Куба дар арсаи байналмилалӣ унвон намуд. Сафири Тоҷикистон аз номи ҳукумати Тоҷикистон паём ва орзуҳои некро ба роҳбарияту халқи Куба расонида, вазъи иқтисодию иҷтимоӣ ва заминаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои гуногун арзёбӣ кард. Сипас маросими гузоштани гулчанбар бар пояи пайкараи қаҳрамони миллии Куба Хосе Марти баргузор шуд. Аз Вазорати корҳои хориҷӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар чаҳорчӯби сафар ба Куба инчунин мулоқотҳои Сафири Тоҷикистон бо намояндагони як қатор идораҳои давлатии он кишвар, аз ҷумла Раиси идораи робита бо кишварҳои Аврупои Вазорати тиҷорати беруна ва сармоягузорӣ Ирелис Доменес, Раиси Ширкати дорусозии «Лабиофам» (LABIOFAM S.A.) Фраго Кастро, раиси калонтарин ширкати Куба оид ба биотехнология ва дорусозӣ HEBER Biotec д-р Серхио Перес Талавера ва дигарон доир гардиданд.