Саховат ва хайрхоҳӣ- суннати таърихии тоҷикон

Декабрь 30, 2011 14:30

Душанбе, 30 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — БДА ҶТ «Амонатбонк» дар арафаи соли нав ба мактаб-интернати таҳсилоти миёнаи умумии рақами яки дорои парваришгоҳ барои бачагони ятиму бебарастори шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ маводи ғизоӣ аз қабили орд, биринҷ, равған, шакар, маҳсулоти кишоварзӣ ва бухориҳои барқӣ дастрас намуд. Ин кӯмак дар маҷмӯъ қариб 9 ҳазор сомониро ташкил медод.Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуот ва рекламаи «Амонатбонк» иттилоъ доданд, ки мактаб-интернати мазкур 1375 хонанда дошта, 261 нафари он ятиму бепарастор мебошанд. Ҳамзамон 70 нафари онҳо бо хобгоҳ таъминанд. Дар ин рӯз ба замми кӯмаки ғизоӣ ба тарбиятгирандагон тӯҳфаҳои солинавӣ аз номи Раёсати Амонатбонк тақдим карда шуд.

Декабрь 30, 2011 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад