Самараи хуби ҳамкориҳои ҷамъиятҳои матлубот
Душанбе, 26 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти раиси Иттифоқи ҷамъиятҳои матлуботи вилояти Суғд Яъқубҷон Эгамбердиев, соли ҷорӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Қайроққум, Чкалов ва Табошар 35 маротиба намоиш ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ба роҳ монда шуда, дар онҳо беш аз 50 тонна орд, 8 тонна равғани растанӣ, беш аз 135 тонна картошка, 150 тонна пиёз, 17 тонна биринҷ, 7 тонна шакар, 48 тонна гӯшт бо нархи 20 фоиз нисбат ба бозор арзон ба мардум пешкаш гардонида шуд.Ба иттилои манбаъ, дар баробари таъмини сокинони шаҳрҳои номбурда, барои аҳолии пойтахт, аз ҷумла ба бозори «Шоҳмансур», даҳҳо тонна маводи ғизоӣ, аз қабили : картошка, пиёз, биринҷ ва сабзӣ ворид карда шудааст. Иттифоқи ҷамъиятҳои матлуботи вилоят барои сари вақт дастрас намудани маҳсулоти кишоварзӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ шартнома баста, як қисми маблағро пешпардохт менамояд, ки ин усули кор ҳам барои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҳам барои Иттифоқи ҷамъиятҳои матлуботи вилоят мувофиқ аст, зеро хоҷагиҳои деҳқонӣ метавонанд бо ин маблағ тухмӣ ва доруҳои минералӣ дастрас намоянд ва Иттифоқҳои ҷамъиятҳои матлубот чун харидори асосӣ маҳсулоти кишоварзиро аз ҳама пештар ба даст оранд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






