Санҷиши танзими анъана дар Агентӣ
Душанбе, 27 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). –Дирӯз дар Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон перомуни санҷиши фаъолияти кории комиссияи ҷамъиятии Агентии соҳтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар баргузор ғардид. Дар семинар намояндаҳои Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаҳои Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он иштирок намуданд. Фаъолияти панҷ ташкилоти зертобеъ ва комиссияи ҷамъиятии Агентии мазкур омӯхта шуд. Рафти санҷиш муайян кард, ки фаъолияти кории комиссияи ҷамъиятии Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи моддаи 4-и Қонуни мазкур дар асоси дастури роҳбари Агентӣ бо фармон, супориш, барқияҳои телефонӣ ва супоришҳои шифоҳӣ дар зерсохторҳо комиссияҳо ташкил шуда, ҳар се моҳ ба Ағентӣ ҳисоботҳо пешкаш мешаванд. Ағентӣ зиёда аз 80 нафар корманд дошта, дорои накшаи корӣ мебошад. Ҳолати иҷрои нақшаи корӣ пурра иҷро шуда, ҳисоботҳо сари вакт аз комиссияҳои зерсохторҳо талаб гардида, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ пешниҳод мешаванд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






