Санади байни Тоҷикистону Ҳиндустон матраҳ шуд
Душанбе, 5 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Имрӯз дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии парлумони мамлакат, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони МО ҶТ ҷумҳурӣ баргузор гардид, ёддошти тафоҳум байни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҳиндустон дар бораи таҷдиди нерӯгоҳи барқии обии Варзоб -1 баррасӣ шуд. Дар ҷаласаи Шӯро ҳамзамон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» муҳокима гардид. Тибқи иттилои Муҳаммадато Султонов, котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон масъалаҳои мазкур ҷиҳати баррасӣ ва қабул ба ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум, ки баргузории он 7 декабри соли равон дар назар аст, пешниҳод шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






