Сармураббии дастаи мунтахаби Қатар ба истеъфо рафт
Душанбе, 21 декабр. (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Роҳбарияти Федератсияи футболи Қатар сармураббии тими мунтахаби кишвараш Себастян Лазаронии бразилиягиро аз вазифа сабукдӯш кард. Ин мураббӣ ҳамагӣ панҷ моҳ дар ин даста фаъолият карда, қатариҳоро ба даври навбатии бозиҳои интихобии ҷоми ҷаҳон- 2014 баровардааст, вале дар бозиҳои кишварҳои арабӣ дастаи мунтахаби Қатар бозии хуб нишон надода, аз гурӯҳи худ ба бозиҳои минбаъда роҳхат гирифта натавонист. Ин сабаб шуд, ки мураббии бразилиягӣ Себастян Лазаронӣ аз мансаб ронда шавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






