Шаҳрвандон дар ҳузури шаҳрдор
Душанбе, 5 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев 3 декабри соли равон 28 нафар сокини шаҳри Душанберо дар асоси муроҷиатҳои шахсиашон ба ҳузур пазируфт. Шавкат Саидов, котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки мӯҳтавои асосии муроҷиати шаҳровандонро масъалаи баҳси манзили шахсӣ, дастрасӣ ба манзили истиқоматии иҷоравӣ, қитъаи замин барои сохтмони хонаи истиқоматии шахсӣ ва кӯмакҳои молиявию маслиҳатӣ ташкил доданд. Нисбат ба ҳар як муроҷиати шаҳрванд вобаста аз салоҳиятҳои шаҳрдорӣ тадбирҳо андешида шуданд.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






