Шанбегӣ дар Кӯлоб
Кӯлоб, 24 декабр. (АМИТ «Ховар», С.Холов ). – Дар шаҳри Кӯлоб бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва шӯъбаи ҳифзи муҳити зист ҳар рӯзи истироҳатӣ дар ҳама корхонаю ташкилот, мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва хиёбону маҳаллаҳо ҳашари умумишаҳрӣ гузаронида мешавад. Дар қатори дигар ташкилоту муассисаҳо омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ низ барои озода намудани боғи фарҳангу истироҳатӣ ба ҳашар баромада, корҳои назаррасро ба анҷом расониданд. Мавриди зикр аст, ки кормандони корхонаю ташкилот ва муассисаҳо дар назди корхонаҳои худ дарахтони сояафкану ороишӣ шинонида, кӯчаю хиёбонҳоро бо гулу гулбуттаҳо оро доданд. Чунин ҳашарҳои умумишаҳрӣ, ки ба тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаю маҳалҳо ва гулгашту хиёбонҳо мусоидат мекунанд, дар оянда низ доир мешаванд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






