«Шароити арзанда» иқдоми наҷиби шаҳрдорӣ

Декабрь 23, 2011 14:51

Душанбе, 23 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Шаҳрдории Душанбе дар соли 2012 барномаеро таҳти унвони «Шароити арзанда» роҳандозӣ менамояд. Тибқи он аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ бунёди хонаҳои хизматии 2-3 ҳуҷрадор барои дастгирии иҷтимоии мутахассисони ҷавону зиёиёни шаҳр ба роҳ монда мешавад. Масъалаи мазкур дар иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе матраҳ гардид. Барномаи мазкур дар асоси таҳлилҳои амиқ ва муайянсозии сарчашмаҳои молиявӣ сурат мегирад. Дар робита ба ин масъала Корхонаи воҳиди давлатии «Сохтмони манзили иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе» таъсис дода шуда, фаъолияти он аз ҳисоби маблағҳои қарзии буҷаи шаҳр ва саҳмгузории шаҳрвандон амалӣ гардида, тибқи лоиҳаҳои меъмории каммасрафу иҷтимоӣ бунёди манзили баландошёнаро анҷом медиҳад ва бо арзиши аслии сохтмонӣ ҳуҷраҳоро ба ашхоси зикргардида аз рӯи имкон дастрас месозад. Дар ин самт ба вазорату идораҳо аз ҷониби шаҳрдорӣ тавсия гардид, ки баҳри дастгирии кормандонашон ҷиҳати сохтмони биноҳои истиқоматии бисёрҳуҷраи хизматӣ барои ҷудо намудани қитъаи замин ба шаҳрдорӣ муроҷиат намоянд. Аз иқдоми шаҳрдорӣ нахустин шуда ректорони Донишгоҳҳои олии шаҳри Душанбе, ки ҳамзамон вакили шаҳрӣ мебошанд, дастгирӣ намуданд. Онҳо иброз доштанд, ки омодаанд аз ҳисоби маблағҳои донишгоҳҳо барои эҳтиёҷи кормандонашон, хусусан барои мутахассисони ҷавон сохтмони биноҳои истиқоматии баландошёнаро тибқи Нақшаи генералии шаҳр анҷом диҳанд. Вобаста ба татбиқи воқеии ин иқдом Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе ба масъулини Кумитаи заминсозӣ ва Сарраёсати меъморию шаҳрсозии шаҳри Душанбе дастур дод, ки то 1 феврали соли 2012 интихоби қитъаи заминро анҷом дода, ба раиси шаҳр пешниҳодҳои худро тақдим созанд.

Декабрь 23, 2011 14:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад