Шароити беҳтарин барои тарбиягирандагон

Декабрь 26, 2011 15:20

Хоруғ, 26 декабр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо ). – Дар мактаб – интернати вилоятии ноҳияи Рӯшон барои таълиму тарбияи наврасон шароити хуб муҳайёст.Дар давоми 8 соли фаъолияти мактаб – интернат беш аз 100 нафар хатмкунандагони он шомили донишкадаҳои олии мамлакат ва кишварҳои бурунмарзӣ гардидаанд.Ин муассисаи тарбиявӣ дар мадди назари ҳукумати марказӣ ва шахсан Президенти кишвар қарор дорад.Тарбиягирандагони мактаб бо хобгоҳ, китобхона, ошхона ва утоқҳои муҷаҳҳаз таъмин буда, рӯзе барояшон 4 маротиба таом тайёр карда мешавад. Дар доираи супоришҳои Сарвари давлат соли оянда барои дастпарварони ин ҷо хобгоҳи нави замонавии дорои тамоми ашёи лозимӣ ба истифода дода мешавад.

Декабрь 26, 2011 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд