Шумораи муҳоҷирон коҳиш дода мешавад
Душанбе, 23 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Соли 2012 дар пойтахт «Соли дастгирии соҳибкорӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ» эълон гардид. Ҳадафи тадбири мазкур аз коҳиш додани шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ аз пойтахт ва бо ҷойи кори наву маоши хуб таъмин намудани шаҳрвандон иборат аст. Ҷиҳати татбиқи ин иқдом шаҳрдории Душанбе ният дорад, ки дар асоси барномавӣ барои таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ, тиҷоратӣ ва сайёҳӣ барои кӯмак ба соҳибкорон маблағҳои қарзиро дар тӯли соли молиявӣ аз ҳисоби буҷаи шаҳр ҷудо намояд. Назар ба иттилои Шавкат Саидов, котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе барои татбиқи ин амал бонкҳо ва идораҳои тиҷоратию соҳибкории рушдкардаи пойтахт ибтикороти шаҳрдориро ба хубӣ дарк намуда, бо ҷонибдорӣ аз он саҳми сазовори худро мегузоранд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






