Сипосгузории вазири корҳои хориҷии Эстония

Декабрь 7, 2011 15:36

Душанбе, 7 декабр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).– Вазири корҳои хориҷии Эстония Урмас Паэт ба ҷониби Тоҷикистон барои мусоидат ба озод шудани халабони эстонӣ Алексей Руденко изҳори миннатдорӣ намуд. Дар ҷараёни мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Эстония бо роҳи дипломатӣ ҳал шудани ин қазия ба таври махсус зикр гардид. Урмас Паэт изҳор дошт, ки дар Эстония намояндагии дипломатии Тоҷикистон кушода ва сафири ҶТ дар ин кишвар тайин карда шавад. Ин тадбир имкон медиҳад, ки муносибатҳои байни ду давлат бештар таҳким ёбанд. Ҷонибҳо ҳамчунин доираи васеи масоили дорои хусусияти ҳам дуҷониба ва ҳам бисёрҷонибаро мавриди муҳокима қарор доданд. Дар ҷараёни мулоқот ба рушди равобити тиҷоратию иқтисодии миёни ду кишвар ва ҳамкорӣ дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ таваҷҷӯҳи хоса дода шуд. Ҷониби Эстония омодагии худро ба пуштибонии саъю кӯшишҳои Тоҷикистон барои ворид шудан ба Ташкилоти умумиҷаҳонии ҷаҳон иброз дошт.Урмас Паэт ҳамчунин таваҷҷӯҳи Ҳ.Зарифиро ба имконияти таълими дипломатҳои ҷавони тоҷик дар Академияи дипломатии Эстония ҷалб намуд. Дар анҷоми сӯҳбат Ҳ.Зарифӣ ҳамтои худро даъват намуд, ки дар кори конфронсе, ки 26 – 27 марти соли 2012 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, ҳамчунин дар тадбирҳои бахшида ба таҷлили иди Наврӯзи соли 2012 иштирок намояд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии ҶТ хабар доданд.

Декабрь 7, 2011 15:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд