Соли муваффақиятҳои илмӣ

Декабрь 30, 2011 10:43

Душанбе, 30 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар соли 2011 олимони Академияи илмҳои кишоварзӣ барои дастовардҳои илмӣ соҳиби 120 патент ва шаҳодатномаи ихтироъкорӣ гардида, 190 рисолаи илмӣ, аз ҷумла 38 рисолаи докторӣ дифоъ намуданд.- иброз дошт президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, академик Ҳукматулло Аҳмадов ба мухбири АМИТ «Ховар». Бо ташаббуси муассисаҳои илмии Академия 330 конфронси байналмилалӣ, ҷумҳуриявию минтақавӣ гузаронида шудааст. Дар ин муддат ҳамчунин бештар аз 260 китобу монография, 420 тавсияномаю дастурҳои илмӣ ва зиёда аз 3 ҳазору 100 мақолаи илмӣ табъу нашр шудааст. Академия татбиқи амнияти озуқавории шаҳрвандонро ҳадафи кори асосии худ қарор дода, дар низоми илман асосноки соҳаи кишоварзӣ нақши муҳим дорад. — Айни замон раёсати Академия вазифаҳои ҳалталаби тъмини илмии рушди соҳаи кишоварзиро ба воситаи 6 пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотӣ доир ба зироатпарварӣ, боғпарварию сабзавоткорӣ, хокшиносӣ, чорводорӣ, ветеринарӣ, иқтисодиёти кишоварзӣ, Маркази миллии ҷумҳуриявии захираҳои генетикӣ, Корхонаи илмию истеҳсолии «Маводи биологӣ», Пойгоҳи таҷрибавии кишоварзии «Помир» ва шабакаи васеи хоҷагиҳои илмиву таҷрибавии дар сар то сари ҷумҳурӣ доштаи худ дар амал татбиқ менамояд,- афзуд академик Ҳ.Аҳмадов.

Декабрь 30, 2011 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад