«Созандагони Ватан» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Душанбе, 14 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – 13 декабри соли 2011 дар толори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мулоқоти васеи донишҷӯён бо роҳбарияти ташкилоти навтаъсиси ҷавонон «Созандагони Ватан» ва вакили Маҷлиси намояндагон баргузор гардид. Мулоқотро ректори донишгоҳ Нуриддин Саидов ифтитоҳ намуда, изҳор дошт, ки вохӯрии мазкур бо мақсади донистани андешаҳои ҷавонон дар фазои озоду шаффоф баргузор хоҳад шуд. Дар мулоқот вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборова, мудири бахши кор бо занони дастгоҳи КИМ ҲХДТ Мавлуда Оймаҳмадова сухан гуфта, доир ба самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат ва мақомоти қонунгузор вобаста ба ҷавонон ибрози назар карданд. Раиси ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» Адҳамчон Мирсаидов доир ба ҳадафу мақсади таъсиси ташкилоти мазкур ва нақшаҳои минбаъда ҳарф зад.Мавсуф доир ба дигар масъалаҳо, аз ҷумла гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, муҳоҷирати меҳнатии ҷавонон сухан карда, таъкид дошт, ки ҷавонон бояд муқоиса ва таҳлилро ҳамеша истифода баранд, зеро дар замони муосир ва ҷараёни зудтағйирёбандаи раванди сиёсии ҷаҳонӣ падидаҳо дар шаклҳои мухталиф ба миён омада, метавонанд ҷомеа, бахусус ҷавононро ба ҳар самту ҷараёнҳо ворид созанд. Дар мулоқот махсусан доир ба истифода шудани шабакаҳои интернетии иҷтимоӣ аз ҷониби гурӯҳҳои ифротгаро таъкид шуд, ки вақтҳои охир аз тариқи суроғаҳои электронӣ мактубҳои анонимӣ ворид мешаванд. Сипас байни донишҷӯён ва меҳмонон гуфтугузори ошкоро сурат гирифт. Чунин мулоқот имрӯз дар Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ низ баргузор гардид ва пагоҳ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Сино ташкил хоҳад шуд.