«Созандагони Ватан»-созмоне, ки ҷавононро муттаҳид мекунад
Душанбе, 16 декабр. АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – 16 декабр дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино мулоқоти навбатии роҳбарони ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ва намояндаи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон бо донишҷӯён баргузор гардид.Мулоқоти мазкур дар асоси нақшаи ташкилоти навтаъсис «Созандагони Ватан» ташкил шуда, ҳадафи он аз даъвати ҷавонон ба муттаҳидӣ ва созандагист. Дар ҷамъомад ҷонишини ректори ДТТ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборова, мудири бахши кор бо занони дастгоҳи КИМ ҲХДТ Мавлуда Оймаҳмадова ва раиси ташкилоти «Созандагони Ватан» Адҳамҷон Мирсаидов сухан гуфтанд. Донишҷӯён нисбат ба масъалаҳои татбиқи барномаи ҷавонон, ҷаҳонбинии сиёсӣ, такмили донишҳои динӣ ва имтиёзҳои мавҷуда барои ҷавонони лаёқатманди минтақаҳои дурдаст изҳори ақида намуда, аз роҳбарияти «Созандагони Ватан» тақозо кард, ки барои боз ҳам муттаҳид шудани ҷавонони мамлакат, пешбурди ҷомеа ва давлат аз нерӯи зеҳнӣ ва созандаи онҳо бештар истифода намоянд. Иштирокдорони ҷамъомад таъкид намуданд, ки ҷавонон бояд муқоиса ва таҳлилро ҳамеша истифода баранд, зеро дар замони муосир ва ҷараёни зудтағйирёбандаи раванди сиёсии ҷаҳонӣ падидаҳо дар шаклҳои мухталиф ба миён омада, метавонанд ҷомеа, бахусус ҷавононро ба ҳар самту ҷараён ворид созанд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






