Судяи Суди Олӣ бозхонд гардид

Декабрь 15, 2011 17:09

Душанбе, 15 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум, судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Деҳқонбой Ғафуров бозхонд шуд. Ҷумъахон Давлатов, намояндаи комилҳуқуқи Президенти ҷумҳурӣ дар Маҷлиси Олӣ зимни ташреҳи масъалаи зикршуда гуфт, ки сабаби бозхонд гардидани судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Деҳқонбой Ғафуров ба хуб набудани вазъи саломатиаш рабт дорад. Дар иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллӣ ҳамчунин тибқи қарори марбута сохтор, рӯйхати вазифаҳо, шумораи кормандони Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сметаи хароҷоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012 тасдиқ гардид.

Декабрь 15, 2011 17:09

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд