Тӯҳфаҳои раиси вилоят ба тарбиятгирандагони мактаб-интернат
Душанбе, 30 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – 29 декабр раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода дар арафаи Соли нави мелодии 2012 ба мактаб-интернати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ки дар шаҳри Чкалов воқеъ аст, ташриф оварда, дар маҳфили солинавии хонандагону тарбиятгирандагони он иштирок намуд.Қоҳир Расулзода дар чорабинии идона хонандагони мактаб-интернатро ба фарорасии Соли нави мелодӣ табрик намуда, барояшон тӯҳфаҳои солинавӣ, аз ҷумла сару либос, пойафзол ва ба мактаб – интернат таҷҳизоти ҷомашӯии муосир тақдим кард. Раиси вилоят 146 нафар хонандагони мактаб-интернатро, ки аз тамоми гӯшаву канори мамлакат дар ин ҷо таҳсилу зиндагӣ мекунанд, ба тамошои барномаи «Чароғаки солинавӣ», ки дар Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд доир мегардад, таклиф намуд. Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, ки ҳамчунин бо дастгирии Қоҳир Расулзода 25 нафар хонандаи фаъол ва аълохони мактаб-интернат дар рӯзҳои таътили зимистона дар маҷмааи солимгардонии бачагонаи ноҳияи Ҷаббор Расулов истироҳат менамоянд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






