Таҳияи чор лоиҳаи нави «БОР» дар Тоҷикистон

Декабрь 15, 2011 17:06

Душанбе, 15 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Бино ба гуфти намояндаи доимии Бонки осиёгии рушд (БОР) дар Тоҷикистон Ҷоҷи Токеши, барои солҳои 2012 – 2014 ба ҶТ дар ҳаҷми 215 млн. доллари амрикоӣ маблағ ва дар ҳаҷми 15, 5 млн. доллар кӯмаки техникӣ ҷудо мегардад. Ин масъала бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа шуда, аз ҷониби мақомоти бонкии кишвар маъқул дониста шудааст.Ба иттилои манбаъ, ҳаҷми кӯмаки Бонки осиёгии рушд барои Тоҷикистон дар соли 2012 ба андозаи 62 млн. доллар, барои соли 2013 -69 ва барои соли 2014 дар ҳаҷми 69 млн. доллар пешбинӣ шудааст. Соли 2012 дар асоси лоиҳа барои таҷдиду навсозии роҳи автомобилгарди Айнӣ — Панҷакент, ки 125 километри он таҷдид мегардад, аз 120 то 125 млн. доллар ҷудо карда мешавад. Бонки осиёгии рушд ҳамчунин барои амалисозии лоиҳаи энергияи барқароршаванда ва ду лоиҳа дар ҷамоатҳои маҳаллӣ оид ба рушди роҳҳои нақлиётӣ ва энергетика кӯмак хоҳад кард.

Декабрь 15, 2011 17:06

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд