Таҳлили қонунгузории миллӣ оид ба қабули ёриҳои башардӯстона

Декабрь 22, 2011 12:05

Душанбе, 22 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). — Таҳлили мувофиқати қонунгузории миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қабули кӯмакҳои байналмилалии башардӯстона ва наҷотбахшон дар ҳолати рух додани ҳодисаи фавқулодда қонуни байналмилалии «Вокуниш ба офати табиӣ» (IDRL) 22-юми декабр дар Душанбе зимни баргузории мизи мудаввар баррасӣ шуд. Чорабинии мазкур бо ибтикори Федератсияи байналмилалии ҷамъияти Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ФБҶ СС ва ҲА) дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БР СММ) баргузор гардид. Намояндагони ниҳодҳои марбутаи давлатӣ, ҶҲАТ, БР СММ ва ФБҶ СС ва ҲА қонунгузориҳои феълии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба қабули ёриҳои башардӯстонаи байналмилалӣ, қоидаҳои байналмилалии қабули ин ёриҳо, норасоиҳои эҳтимолӣ ва қадамҳои баъдӣ дар ин самтро баррасӣ намуданд. Шамсуддин Муҳиддинов, раҳбари барномаҳои мудирияти офатҳо дар ФБҶ СС ва ҲА мегӯяд, ки ҳадаф аз барномаи IDRL – коҳиши осебпазирии мардум дар ҳолатҳои фавқулодда бо роҳи мусоидат ба омодагии ҳуқуқии кишварҳост. Тавассути ташвиқоту ироаи иттилоот, ёрии фаннӣ, баргузории пажӯҳиш ва давраҳои омӯзишӣ талош мекунем, то кишварҳо аз нигоҳи ҳуқуқӣ омодаи пазириши ёриҳо бошанд. Таҷриба нишон медиҳад, ки ҳангоми сар задани офатҳои табиӣ мутаассифона, на ҳамеша ба афроди ниёзманд ёрии байналмилалӣ лозимӣ мерасад. Масалан, монеаҳои бюрократии марбут ба раводид, сабти номи ёрирасонҳо, сабти номи гумрукӣ, андозбандӣ, иҷозадиҳӣ ба нақлиёт ва ғайра дар баъзе ҳолатҳо раванди ироаи ёриҳоро заиф мегардонанд. Ҳамчунин мушкили назорат ва ҳамоҳангии фаъолияти созмонҳои ёрирасон дар баъзе ҳолатҳо сабабгори вуруди молҳои пастсифат, такрори фаъолиятҳо ва ҳатто адами эҳтиром ба афроди ниёзманди ёрӣ мегардад.

Декабрь 22, 2011 12:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!