Таҷлили 70 – солагии шоир
Роғун, 21 декабр. (АМИТ «Ховар», Зебо Давлатова ). – Тавре роҳбари Қасри фарҳанги шаҳри Роғун Маҳмадназари Аминисо ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, бо дастгирии мақомоти маҳаллии шаҳри Роғун дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Роғун 70 — солагии шоири ин диёр Қунғурот Самиев таҷлил гардид. Мавсуф афзуд, ки шоир Қунғурот Самиев (тахаллуси адабиаш Сайқал) муаллифи 6 китоб буда, дар ашъораш Модар – Ватан, сулҳу ваҳдат ва дӯстию рафоқатро тараннум мекунад.Дар ҷашнвораи шоир Сайқал дастаи ҳунарии Қасри фарҳанг бо суруду оҳангҳои дилнавозаш хотири ҷамъомадагонро шод намуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






