Таҷлили Рӯзи энергетикҳо
Хоруғ, 26 декабр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). – Барқчиёни вилоят иди касбиашонро таҷлил намуданд. Ҷашни имсолаи онҳо ба 40 – солагии мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани нерӯгоҳи барқи обии шаҳри Хоруғ рост омад. Ба ин хотир дар майдони назди нерӯгоҳ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он раиси вилоят Қодири Қосим иштирок дошт. Мавсуф қайд намуд, ки бо ибтикори Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои ҷалби сармоягузорӣ ва эъмору аз навсозии тамоми системаи барқии вилоят соли 2002 Шартномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати барқии «Помир Энерҷи» ба имзо расид, ки он барои рушди босуръати соҳа заминаи устувор гузошт.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






